Jump to content

Астарбадрақа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Астарбадрақаи пушт (nachsatz)

Астарбадрақа, форсаз (олмонӣ: Vorsatz : vor — пеш, Satz — маҷмӯъ[1]) — унсури сохтории китоб, варақе, ки маҷмуаи варақаҳои китобро бо муқова мепайвандад.

Астарбадрақаи пушт (олмонӣ: Nachsatz) барои васли маҷмуаи варақҳо бо муқова аз тарафи пушти китоб. Астарбадрақа дар китобҳое, ки бо ҷилди сахт бастабандӣ мешаванд истифода мешавад. Астарбадрақа ғайр аз вазифаи нигаҳдорандагӣ ва васлкунандагӣ боз ҳамчун қисми ороишии китоб низ истифода мешавад.

  1. Форзац // Издательский словарь-справочник: [электрон. изд.] / А. Э. Мильчин. — 3-е изд., испр. и доп. — М.: ОЛМА-Пресс, 2006.