Jump to content

Астигматизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСТИГМАТЍЗМ (аз а… ва юн. stigmé – нуқта), як навъ нуқсони системаи оптикӣ (чашм, асбоб ва ғайра). Дар он зоҳир мегардад, ки шикаст ё инъикоси шуоъҳои рӯшноӣ дар буришҳои дастаи рӯшноии ба асбоб (ё чашм) зананда гуногун меояд. Дар натиҷа сатҳи мавҷии куравӣ баъди аз системаи оптикии астигматӣ гузаштан тағйир меёбад ва куравияти худро гум мекунад. Дастаи шуои манбаи нуқтагӣ баъди аз системаи оптикӣ гузаштан на дар як нуқта, балки дар ду порчаи ба ҳам амудии хатти рост, ки аз якдигар дар ин ё он масофа воқеанд, ба ҳам меоянд. Астигматизм тасвири чизҳоро мавозеҳ мекунад. Тасвирҳо дар буришҳои мобайнӣ шакли байзавӣ мегиранд, яктои онҳо доирашакл меояд.
Астигматизм ё ба сабаби асимметрияи системаи оптикӣ (дар линзаҳои силиндрӣ) ё дар сурати нисбат ба меҳвари асосии оптикӣ таҳти кунҷи калон задани дастаи рӯшноӣ (дар линзаҳои муқаррарӣ) мушоҳида меша­вад. Астигматизми обективро ба воситаи маҷмӯи линзаҳо (анастигматҳо) бартараф кардан мумкин аст. Астигматизми чашмро бо айнак ислоҳ мекунанд.

/ 
  • Сусеман М. Как улучшить зрение. Москва, 2007;
  • Шкарлова С. И., Романовский В. Е. Близорукость, дальнозоркость, астигматизм. Ростов, 2010.