Jump to content

Асҷадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Асчадӣ)
Абуназар Абдулазиз ибни Мансури Марвазӣ
Таърихи таваллуд: асри X
Таърихи даргузашт: 1040
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Абуназар Абдулазиз ибни Мансури Марвазӣ (форсӣ: ابونظر عبدالعزیز بن منصور عسجدی‎‎; ? — 1040/41) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз касби камол ба хидмати султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмр. 998—1030) омад. Ба қавли Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо») соҳибдевон будааст, вале он то ҳол пайдо нагардидааст. Ашъори парокандаашро муҳаққиқи эронӣ Тоҳирии Шиҳоб ҷамъ оварда, ба шакли девони хурде ба табъ расондааст (1955). Аслан, қаси­дасаро буд, вале ғазал, қитъа ва рубоиҳо низ аз ӯ боқӣ мондаанд. Мавзӯи ашъораш ҳасби ҳол, танқиди беадолатиҳои замон, васфи маъшуқа, ситоиши баҳору гулу зебоиҳои табиат ва ғайра Асҷадӣ дар қасида пайрави Унсурию Фаррухист. Мазмуни ашъораш баланд, забонаш содаву равон.

Асҷадӣ аз суханварони номии доираи адабии Ғазнин аст, ки дар радифи Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик шуҳрати зиёд дорад. Соли таваллуди Асҷадӣ маълум нест. Муҳаққиқони адабиёти форсӣ тахмин мекунанд, ки дар чоряки охири қарни даҳуми милодӣ чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Исми комили ӯро Муҳаммад Авфии Бухороӣ Абӯназар Абдулазиз ибни Мансур гуфтааст, ки дигар тазкиранависон ин маълумотро такрор кардаанд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки номаш Абдулазиз, лақабаш Абӯназар ва исми падараш Мансур ва Асҷадӣ тахаллуси адабии ӯ будааст. Дар баъзе маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ тахаллуси вайро дар шакли Асҷудӣ овардаанд, ки саҳеҳ нест ва шакли дурусти он Асҷадӣ мебошад. Ҳамасри ӯ Манучеҳрии Домғонӣ дар банди чаҳоруми мусаммати шашуми худ аз Асҷадӣ чунин ёдовар шудааст:

Дар ҳама вақте сабӯҳ хуш буваде ибтадӣ,
Беҳтару хуштар бувад вақти гули буссадӣ.
Хоста аз марғзор ғулғули тайҳу адӣ,
Даршуда оби кабуд дар зиреҳи довадӣ.
Омада дар наъти боғ Унсуриву Асҷадӣ,
В-омада андар шароб он санами нозанин.

Аз қофияи ин байтҳо маълум мегардад, ки Асҷадӣ шакли дурусти тахаллуси ин суханвари маъруфи доираи адабии Ғазнин мебошад. Маънои калимаи «асҷад» — «зар» ва «тило» мебошад. Тибқи иттилоъи асари «Миръату-л-хаёл» Асҷадӣ зодаи шаҳри Ҳирот аст. Лутфалибеки Озар дар тазкираи худ «Оташкада» вайро аз шаҳри Қоин ба қалам додааст, вале ба гуфтаи Халилуллоҳи Халилӣ: — «Гумон меравад, ки қоъинӣ будани он далели восиқе надошта бошад». Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ зодгоҳи Асҷадиро Марви Шоҳиҷаҳон шуморидаанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ ӯро ҳиравӣ ва Ризоқулихони Ҳидоят қазвинӣ номидааст. Мураттибони китоби «Гулшани адаб» ва профессор Аҳмад Абдуллоев дар асараш — «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри ёздаҳ» зодгоҳи ӯро шаҳри Марв донистаанд. Давраи кӯдакӣ, навҷавонӣ ва ҷавонии Асҷадӣ чӣ тавр гузаштааст, маълум нест. Гумони ғолиб он аст, ки ӯ овони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва ҷавонии худро дар зодгоҳаш шаҳри Марви Шоҳиҷаҳон сипарӣ намуда, дар мактабу мадрасаҳои олии он ҷо касби илму дониш кардааст ва чун донишманди варзидаи исломӣ ба камол расидааст. Дар бораи кадом сол ва бо чӣ тариқ ба дарбори Ғазнавиён роҳ ёфтани Асҷадӣ муаллифони маъхазҳои таърихиву адабӣ маълумоте надодаанд ва танҳо қайд кардаанд, ки ӯ аз суханварони маъруфи дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ будааст. Аз ҷумла Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи худ дар ин бора чунин гуфтааст: «Дар ҳазрати Султон муъаззаму мукаррам ва боҳурмат, инъомоту силот ёфта ва соҳибсарвату давлат шуда» (ниг. Маҷмаъу-л-фусаҳо, саҳ. 770). Аз гуфтаҳои тазкиранависон маълум мегардад, ки Асҷадӣ дар дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ соҳиби обрӯву иззат ва ҷоҳу мартабаи баланд гардида будааст. Вай дар қасидаҳои мадҳияи худ ба мисли дигар шоирони дарбор фатҳу ғазавот ва пирӯзиҳои Султон Маҳмуди Ғазнавиро васф кардааст. Ношири девони Асҷадӣ, донишманди эронӣ Тоҳирии Шиҳоб дар муқаддимаи он навиштааст: «Устод Асҷадӣ дар тамоми умр ба лаззоти ҷисмонӣ ва муштаҳаёти нафсонӣ алоқаманду роғиб буд ва ҳамеша дар талаби айшу тараб ва лавҳу лаъаб ба сар мебурд ва аз тазаҳҳур ва тазвир рӯйгардон буд» (ниг. Девони Асҷадӣ, Теҳрон, 1955, саҳ. 33). Ин гуфтаҳоро мазмуну муҳтавои баъзе ашъори ӯ ба хубӣ тасдиқ ва таъйид мекунанд. Масалан, аз як байти Асҷадӣ бармеояд, ки боре молу зар ва дороии худро аз даст дода, сахт нодор шуда будааст ва дар ин маврид дӯстону рафиқонаш нисбати ӯ камилтифотӣ ва номеҳрубонӣ карда будаанд, бинобар ин, шоир аз бемеҳрӣ ва рафтори нохуби онҳо гилагузорӣ намудааст:

Дӯстонам ҳама монандаи васнӣ шудаанд,
Ҳама з-он аст, ки бо ман на дирам монду на зар.

Соли вафоти Асҷадиро Ризоқулихони Ҳидоят 432 ҳиҷрии қамарӣ (соли 1140—1141 милодӣ) ҳисобидааст. Донишманди рус Е. Э. Бертелс ин маълумотро саҳеҳ донистааст, аммо доктор Забеҳулло Сафо аз рӯйи як далели қатъӣ ин гуфтаро рад кардааст. Далели вай ин байти зерини Амир Муъиззист, ки ишора ба мамдӯҳ дорад:

Ба маҷлиси падарат Асҷадӣ аз баҳри тамаъ,
Мадеҳ бурд ба айёми Чағрии Довуд.

Ин гуфтаи Забеҳуллоҳи Сафо дурусту эътимодбахш аст ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Асҷадӣ умри дароз дида, ҳатто дар дарбори Чағрибеки Довуди Салҷуқӣ чун суханвари мадҳиясаро хидмат карда будааст. Худи Асҷадӣ ба пири бедандон будани худ дар яке аз байтҳои ашъораш ишора кардааст: Ман пираму фолиҷ шудаам, инак бингар: То нулам каж биниву кӯфта шуда дандон. Ин ду далел аз он шаҳодат медиҳад, ки вафоти Асҷадӣ пас аз соли 432 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода будааст. (1,32)

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чуноне ки дар боло қайд кардем, Асҷадӣ суханвари пурмаҳсул ва боистеъдод будааст ва дар раддаи аввали адибони ҳавзаи адабии Ғазнин қарор доштааст, вале муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ миқдори ашъори ӯро ба таври аниқ зикр накардаанд. Асҷадӣ устоди сухан ва шоири соҳибдевон будааст. Девони ашъори ӯро Давлатшоҳи Самарқандӣ ҳанӯз дар қарни понздаҳи милодӣ надида будааст, ки дар ин бора чунин гуфтааст: «Ва девони Асҷадӣ мутаъориф нест, аммо сухани ӯ дар маҷмӯъаҳо ва расоили фузало мастур ва мазкур аст» (ниг. Тазкиратуш-шуъаро, саҳ. 54). Тазкиранавис Лутфалибеки Озар роҷеъ ба осори Асҷадӣ навиштааст: «Ва ҳол аз ашъораш чизе дар миён нест, ин чанд байт аз ӯст» (ниг. Оташкада, ҷилди 2, саҳ. 657). Ниҳоят Ризоқулихони Ҳидоят дар ин бора чунин маълумоти муҳим додааст: «Гӯянд се ҳазор байт девон дорад, аммо ба назари фақир нарасида» (ниг. Маҷмаъу- л- фусаҳо, саҳ. 770).

Бояд гуфт, ки Асҷадӣ ашъори бисёре аз худ ба ёдгор монда будааст, аммо қисмати зиёдашон дастбурди ҳаводиси рӯзгор шудаанд ва миқдори ками онҳо то замони мо маҳфуз мондаанд. Олими маъруфи эронӣ Тоҳирии Шиҳоб осори боқимондаи Асҷадии Марвазиро аз баёзу маҷмӯъа, китобҳои луғату таърих ва тазкираҳо гирд оварда, соли 1955 милодӣ дар шакли девон ба нашр расонид ва пешкаши муҳаққиқон ва умуман ҳаводорони каломи бадеъ гардонид.

Асҷадӣ дар сурудани ашъор табъи равон ва истеъдоди фитрӣ доштааст ва ин гуфтаро осори маҳфузмондаи ӯ тасдиқ ва таъйид мекунад. Инак, чанд пора шеъри вайро чун муште аз хирвор меоварем, то хонандагон бо намунаи осори ин устоди каломи бадеъ хубтару беҳтар ошноӣ пайдо намоянд.

Аз ғазалиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҳо, аз рӯзи хубӣ шаб барафкан,
Фиғону нола дар ҳар кишвар афкан.
Каманди зулфи дастафроз бикшой,
Сари гарданкашон дар по дарафкан.
Ҳаллоқи ҷони ҳар бечораеро
Мусалсал ҷаъди мушкин дар бар афкан.
Зи лаб уннобро хун дар дил андоз,
Зи писта шӯре андар шаккар афкан.
Чу ҷони Асҷадӣ сайди лабат гашт,
Каманди турра андар дигар афкан. (1,33)
Он ҷисми пиёла бин ба ҷон обистан,
Ҳамчун сумане ба арғувон обистан.
Не, не, ғалатам, пиёла аз ғояти лутф,
Обест ба оташи равон обистан.
  • Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон.- ҷ. 1.-Теҳрон, Фирдавс, 1389
  • Абдуллоев А. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI. Душанбе, 1979.