Jump to content

Атабаска

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Атабаска, Канада

Атабаска (англ. Athabasca) — кӯл дар ғарби Канада, дар болооби дарёи Маккензи. Пайдоишаш – пиряхию тектоникӣ. Аз шарқ ба ғарб ба шакли қавс тӯл кашидааст. Масоҳаташ 8081 км2, дарозиаш 335 км, умқаш то 60 метр Аз охири октябр ях мебандад, моҳи июн об мешавад. Дарёи ба Атабаска резанда низ Атабаска ном дорад. Моҳидорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар мавзеи Атабаска конҳои тило, уран ва ғайра мавҷуданд.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.53