Атирау
Шаҳр | |||||
русӣ: Атырау | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1640 | ||||
Баландии марказ | −20 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Нишонаи почта | 060001–060011 | ||||
atyrau.gov.kz | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Атирау (қаз.: Атырау [ɑtɯ'rɑu] ; то соли 1991 — Гурйев[2]) — шаҳр дар Қазоқистон, маркази маъмурии вилояти Атирау. Он дар қисмати ғарбии кишвар, дар соҳили дарёи Урал ҷойгир шудааст (дар пояаш дар маҷрои дарё баҳри Каспий ҷойгир буд, вале дар натиҷаи паст шудани сатҳи оби Каспий дарё аз он дур шудааст). Аҳолиаш 218,1 ҳазор нафар (2014).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1640 таъсис ёфтааст. 4 октябри 1991 ба Атирау табдили ном кардааст.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлимаш континенталии хушк. Ҳарорати миёнаи ҳаво январ — 9,4°С, июл +26,8°С. Миқдори бориши солона — 177 мм.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Фурудгоҳ, бандари дарёӣ ва р. о. дорад. Атирау тавассути р. о. бо Осиёи Миёна (Душанбе, Тирмиз, Бухоро, Чорҷӯ, Нукус,) мепайвандад. Маркази муҳимми саноати нафту кимиёи мамлакат аст. Аз ҳудуди Атирау лӯлаи нафти Гурев — Орск ва Узен — Куйбишев мегузарад. Дар Атирау заводҳои нафт, кимиё (истеҳсоли полимерҳо), инчунин заводи автомобилсозӣ, таъмири киштӣ, комбинатҳои консерви моҳӣ, гӯшт, масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Соли 1999-ум 100-солагии дарёфти нафт дар Қазоқистон ҷашн гирифта шуд, ки дар он Атирау сазовори унвони «пойтахти нафтии Қазоқистон» гардид.
Маорифу фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи нафт ва газ, Донишгоҳи давлатии ба номи Х. Досмухаммедов, донишкадаи омӯзгорӣ, Донишкадаи гуманитарӣ-муҳандисии Атирау, коллеҷҳои политехникӣ, бизнес ва ҳуқуқ, кишоварзӣ, коллеҷи серсоҳаи «Болашак», омӯзишгоҳҳои тиббӣ, мусиқӣ, осорхонаи кишваршиносӣ ва театри драма дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.