Атланта
АТЛÀНТА (анг. Atlanta) — шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Ҷорҷия. Атланта дар пуштакуҳи Пидмонт, доманкӯҳи Аппалачи ҷойгир аст. Маркази муҳимми тиҷоратию саноатӣ дар ҷануби ИМА. Масоҳаташ 343 км2, аҳолиаш 520 ҳазор нафар (2010), бо агломератсия (ҳаволӣ) зиёда аз 5,5 млн нафар.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолӣ аз 61,1% амрикоиҳои африқоинажод, 33,61% сафедпӯстон, 2,93% осиёиҳо, 0,18% ҳиндиёни таҳҷоӣ ва ғайра иборат аст.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Атланта дорои шабакаи калони роҳи оҳан, се шоҳроҳи автомобилии байнииёлатӣ (маҳалли ҳамдигарро буриданашон дар Атланта), аэропорти байналмилалии Хартсфилд ва дигарон фурудгоҳҳои хурд (парвоз дар сайрхатҳои дохилииёлатӣ), метрополитен, 193 сайрхатти автобусӣ ва ғайра мебошад. Соли 1837 бо оғози сохтмони роҳи оҳании «Вестерн энд Атланта» чун қаряи Тёрминдс арзи вуҷуд карда, аз соли 1843 Мартасвил ва аз соли 1845 Атланта (аз исми роҳи оҳан) ном гирифт. Аз соли 1847 – шаҳр. Солҳои 60 садаи XX Атланта яке аз марказҳои мубориза барои ҳуқуқҳои табааӣ (фаъолияти Мартин Лютер Кинг) гардид. Ҳоло Атланта маркази байналмилалии тиҷорат, макони корхонаҳои бузурги саноати автомобил («Ҷенерал Моторс» ва «Форд»), саноати авиатсионӣ ракетавию кайҳонӣ (дар шаҳраки Мариетта), радиоэлектронӣ, кимиё, селлюлозаю коғаз, инчунин қароргоҳи ширкатҳои «Кока-Кола», «Тёрнер Бродкастинг Систем», ширкатҳои авиатсионии «Делта Эйрлайнз», «Ҷорҷия Пасифик Корпорэйшн» мебошад. Маркази CNN (бо студияҳои телевизиониаш) низ дар Атланта қарор дорад.
Меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Биноҳои асосии Атланта пештар камошёна буданд, аз солҳои 60 садаи XX маркази шаҳр бо услубҳои замонавии «ҳайтэк», модерн ва постмодерн бино шуда, маҷмӯи иморатҳои «осмонхарош»: марказҳои тиҷоратии Пичтри-Сентр-1 (67 ошёна), Уэстин-Пичтри-Плаза (71 ошёна) ва ғайра қомат афрохтанд. Бинои Бонки Американ-Плаза 312 метр баландӣ дорад.
Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Атланта Маркази миллӣ-таърихии М. Л. Кинг (бо хона ва марқадаш), Осорхонаи инфиродии нависанда Д. Ч. Ҳаррис, донишгоҳҳои Эморӣ, Атланта, Оглеторп, донишкадаи технологӣ, Маркази илмии Фернбанк, осорхонаи санъати нафиса, осорхонаи Кока-Кола, толори мусиқии симфонӣ, маркази санъати муосири «Нексус» ва ғайра ҷойгиранд. Соли 1996 дар Атланта Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (ба муносибати 100-солагии ҳаракати олимпӣ) баргузор гардид. Марти 2008 дар Атланта тӯфони шадиди навъи EF-2 рух дода, ба Филипп-Арена, Парки олимпӣ, Маркази CNN ва Конгресс-Сентр зарари калон расонд. Дар наздикии Атланта сахраи бузурги Стоун-Маунтин ҳаст, ки дар он симоҳои пешвоёни конфедератсияи давраи Ҷанги шаҳрвандии с-ҳои 1861–1865 ҳаккокӣ шудаанд.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Атланта // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.57