Атмосфераи Миррих
Атмосфераи Миррих — қишри газии ҳудуди тақрибан 110 км буда, бо таркиб ва нишондодҳои физикии худ аз атмосфераи Замин ба куллӣ фарқ мекунад. Дар сатҳи он фишор 0,7–1,155 кПа-ро ташкил медиҳад, ки ба 0,009 ҳиссаи фишори заминӣ ё муодили фишори заминӣ дар баландии даҳҳо км аст. Миррих ва Зуҳра майдони магнитии ниҳоят суст (дар муқоиса бо Замин) доранд ва аз ин сабаб боди офтобӣ атмосфераи онҳоро ба Кайҳон мебарад. 95 дарсади атмосфераи Миррих аз гази карбон ва омехтаи газҳои нитроген, аргон, оксиген ва ғайра иборат аст. Дар он инчунин изи метанро пайдо намудаанд, ки далели мавҷуд будани ҳаёт дар сайёра аст (чунки вулканҳои амалкунандаи метанро хориҷкунанда ёфт нашудаанд). Аз сабаби ниҳоят тунук будани атмосфера ҳарор. рӯзона дар хатти истиво аз +30ºС то –80ºС дар шаб тағйир меёбад, ки сабаби он афканиши бемумониати энергияи ҳароратӣ ба Кайҳон мебошад. Массаи атмосфера дар давоми сол аз сабаби конденсатсия (дар зимистон) ва бухоршавии (дар тобистон) миқдори зиёди гази карбон дар қутбҳо (кулоҳҳои қутбӣ) тағйир меёбад. Сохтори атмосфераи Миррих чунин аст: атмосфераи поёнӣ (0–45 км), атмосфераи миёна (45–110 км) ва термосфера (110–200 км).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.66 / М. Холов.
- Богородский А. Ф. Всемирное тяготение. Киев, 1971;
- Гребеников Е. А., Рябов Ю. А. Поиски и открытия планет. Москва, 1975;
- Тейфель В. Г. Уран и Нептун – далёкие планеты-гиганты. Москва, 1982;
- Колдер Н. Комета надвигается. Москва, 1984;
- Цесевич В. П. Что и как наблюдать на небе.Москва, 1984;
- Маров М. Я. Планеты Солнечной системы. Москва, 1986;
- Горькавый Н. Н., Фридман А. М. Физика планетных колец. УФН. Т. 160, №2. Москва, 1990;
- Кравчук П. А. Рекорды природы. Ленинград, 1993;
- Логачев Ю. И. Лунная программа. Москва, 2001;
- Пантелеев В. Л. Физика Земли и планет. Москва, 2001;
- Джанлука Радзини. Космосоли Москва, 2002;
- Жарков В. Н. Геофизические исследования планет и спутников. Москва, 2002;
- Засова Л. В. и др. Строение атмосферы Венеры от поверхности до 100 км высоты//Космические исследования. №44, Москва, 2006;
- Ксанфомалити Л. В. Неизвестный Меркурий // В мире науки. №2, Москва, 2008;
- Левин А. Железная планета // Популярная механика. №7, Москва, 2008;
- Солнечная система.Москва, 2008; Кусков О. Л. и др. Системы Юпитера и Сатурна. Москва, 2009;
- Язев С. А. Лекции о Солнечной системе. СПб., 2011;
- Кононович З. В., Мороз И. В. Общий курс астрономии. Москва, 2011.