Jump to content

Атобек Амирбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Атобек Мирбеков)
Атобек Амирбеков
Атобек Амирбеков
Зодгоҳ Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Атобек Амирбеков (тав. 10. 01. 1950, ш. Хоруғ), омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1985), дотсент (1991).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1966–1971 дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1970–1971 муаллими математикаи мактаб-интернати № 2 Душанбе, 1971–1972 муаллими математика ва нақшакашии мактаби миёнаи № 15 Душанбе, 1972–1973 афсари Артиши Шӯравӣ, 1973–1975 муаллими математика ва нақшакашии мактаби миёнаи № 2 ш. Хоруғ, 1975–1978 лаборанти калон ва ассистенти кафедраи алгебра ва математикаи ҳисоббарории Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1978–1992 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва муовини декани факултети математикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1980–1984 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил дошт. Оид ба инкишофи саводи графикии талабагони синфҳои 6-8 дар дарсҳои геометрия ва нақшакашӣ кори илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 16 мақола ва китобчаҳои илмию методӣ аст. Дар тӯли фаъолияти корияш ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ интихоб шудааст. Бо ордени «Спитамен» (1999) сарфароз гардидааст.

  • Масъалаҳо барои ташаккули графикии талабагони синфҳои 6-8, Д., 1982 (6 китоб бо ҳамин ном);
  • Корҳои мустақилона аз математикаи мактабӣ, Д., 1987;
  • Омӯзиши тарзҳои проексиякунӣ дар синфи 7 // Мактаби советӣ, 1983, №11.