Jump to content

Атолиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Атолиқ (турк. «оталиқ» – ба ҷои падар) — 1) мансаби баландтарин аз 15 мансаби аморати Бухоро (асрҳои 18 – ибтидои садаи XX). Мансаби атолиқ аз тарафи амир аҳёнан ба шахси солхӯрда, пуртаҷрибаву боиззат чун аломати эҳтироми махсус ва ҳусни таваҷҷуҳ дода мешуд. Дар давраи ҳукмронии амирони Бухоро – Абдулаҳад ва Олимхон ба ин мансаб танҳо Остонақул қушбегӣ (1860–1923) сазовор гашта буд. Дорандаи мансаби атолиқ унвони «вазоратпаноҳ»-ро соҳиб мешуд. Дар давраи Салҷуқиён (1038–1194) мансаби атолиқро ба ашхоси ба бовару эътибори султон даромада медоданд. Вазифаи он тарбияи шаҳзода ё хонзода (парастор, мураббӣ) то расидан ба синни балоғат ва идора кардани навоҳии ба шаҳзода супоридашуда буд («падар ба ҷои падар»). Дар таърих ҳолатҳое маълуманд, ки Атолиқҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтаанд. Масалан, дар давраи Аштархониён Маҳмудбий атолиқ (аввали садаи XVIII) дар Балх, дар давраи Манғитиён Муҳаммад Раҳимхон атолиқ (1753–1758) дар Бухоро ҳукмронӣ кардаанд. Дар асрҳои миёна атолиқ тақсимкунандаи оби дарёи Зарафшон ба аҳолии туманҳои Суғд буда, баҳсҳои гуногунро доир ба масоили хидматӣ ва шаҷарашиносӣ низ ҳал мекард. Дар асрҳои 18 – ибтидои сри 20 вазифаи атолиқ тақсими оби дарёи Зарафшон ба туманҳо аз Самарқанд то Кармина буд; 2) расму оине, ки дар шароити сохти авлодӣ пайдо шуда, дар ҷамъияти феодалӣ низ боқӣ монда буд. Волидайни сарватманд фарзандони худро барои тарбия ба оилаи вассал ё хидматгори худ медоданд. Баъди ба балоғат расидани тарбиятгир, ӯро тантанавор ба оилааш баргардонда, волидайну парастор ба ҳамдигар туҳфаҳои гаронбаҳо месупурданд. Ин расму ойин дар халқҳои Қафқози Шимолӣ, келтҳои қадим, араб­ҳо ва ғайра маъмул буда, пас аз қатъ гардидани муносибатҳои феодалӣ аз байн рафт (Нигаред: Атобакон).[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.72 / М. Холов.
  • Семёнов А. А. Бухарский трактат о чинах и званиях и обязанностях носителей их в средневековой Бухаре //Совесткое востоноведение. Т. 5. М. –Ленинград, 1948;
  • Маҷмаъ-ул-арқом (дастхатти китобхонаи миллии Тоҷикистон). № 649.