Jump to content

Атонин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Атонин — маҷмӯъ ё меъёри зарбҳо (нақраҳо) дар му­си­қии классикии форс-тоҷик. Донишмандони мусиқӣ дар гузашта Атонинро бештар бо иқоот (ниг. Иқоъ) мувозана кардаанд. Дар арӯз ба ҳайси меъёри вазн истилоҳи афоил истифода мешавад, аммо дар мусиқӣ меъёри вазни зарбҳо­ро Атонин мегӯянд. Масалан, дар арӯз: фаъ, фаал, фаала, фаилун; дар мусиқӣ: тан, танан, танана, тананан. Дар мусиқӣ иқоъ маҷмӯи зарбҳоро ба таври ҷузъӣ (сабаб, ватад, фосила) нишон медиҳад, аммо атонин ин маҷмӯъро ба таври умумӣ (меъёри доиравӣ) ифода мекунад. Масалан вазни «Уфар» 5 зарб дорад – ду зарби (вазнин) ва се зарби сабук. Атонинаш чунин аст: тани тан тани тано. Ё вазни «Авсат» 7 зарб дорад – 5 зарби сангин ва 2 зарби сабук. Атонинаш ин аст: тан тано дар тан тан. Атонин ҳамвазни афоили арӯз аст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.77/А. Зубайдов
  • فرصتئشیرازی،بحورالالحان،تهران،۱۳۴۵؛
  • عبدالمؤمنصفیالدین،بهجةالروح،تهران،۱۳۴۶