Атоуллоев Субҳон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Атоуллоев Субҳон
Атоуллоев Субҳон
Санаи таваллуд:

1936(1936)

Зодгоҳ:

деҳаи Шашкати ноҳияи Панҷакент

Санаи марг:

1977, Душанбе

Фазои илмӣ:

забоншиноси тоҷик

Атоуллоев Субҳон (1936, деҳаи Шашкати ноҳияи Панҷакент1977, Душанбе) — забоншиноси тоҷик, нозади илми фи­лология (1970). Хатмкардаи факултаи филологияи Институти дав­латии педагогии шаҳри Душанбе (1962). Ходими хурди илмӣ, сипас ходими калони илмии ИЗА-и ба номи Рӯдакии АИ ҶТ буд. Атоуллоев дар таълифи ҷ-ҳои 4–5 асари панҷҷилдаи «Шеваи ҷа­ну­бии забони тоҷикӣ» иштирок кардааст. Ба қалами Атоуллев инчунин рисолаи «Саидризо Ализода» (1976) ва мақо­лаву рисо­лаҳо оид ба ҷумлаҳои пайрави мубтадову хабар дар забони тоҷикӣ, пайвандакҳо дар шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ тааллуқ доранд. Бо Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст (2001; баъд аз вафот).[1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.77/М. Маҳмудов.