Атрак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Атрак
Мушаххасот
Тӯл

699 км

  Координатаҳо

Мавқеъ
Кишвар

Эрон

Атрак — яке аз дарозтарин дарёҳои Эрон дар шимолу шарқии кишвар. Тӯлаш 699 км. Номи Атрак аз ҷамъи арабии ғалатшудаи калимаи «турк» аст (яъне «атрок») ба маънои «дарёи туркон», ки теъдоде аз қабоили туркман (ғузҳо) пас аз зуҳури давлатҳои эронитаборон, дар авоили ислом ба атрофи ин рӯдхона омада, хайманишинӣ оғоз карда буданд. Атрак аз куҳҳои Ҳазормасҷид дар маҳалле ба номи Лоларӯён воқеъ дар 40-километрии шимолу шарқии Қучон сарчашма мегирад. Аз ҷиҳати табиӣ – ҳудудӣ – маъмурӣ аз 3 бахш иборат аст: Атраки дохилӣ ё бахше, ки дар дохили марзу буми Эрон аст; Атраки хориҷӣ, бахше, ки аз сарзамини Туркманистон убур мекунад ва Атраки муштарак, ки мар­зи байни Эрон ва Туркманистон аст. Мутоби­қи муо­ҳидаи соли 1299 оби Атрак мебоист дар қисмати марказӣ баробар байни ду кишвар тақсим мегардид, аммо дар ибтидои асри 20 дар маҳалле ба номи Годарӣ садде тавассути Россия сохта шуд, ки боиси тағйири ҷараёни оби дарё ба самти Шимол гардид ва дар натиҷа ба хушкшавии қис­матҳои марзӣ боис шуд. Соли 1957 тавофуқ­номаи дигаре ҷиҳати баҳрабардории муштарак ақд гардид. Низоми обдиҳии Атрак мисли ҳамаи дарёҳои сарзамин­ҳои хушк ва нимахушк номураттаб ва фаслӣ мебошад. Оби Атрак гилолуд ва талху шӯр аст.[1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.78—79