Атсетилхолин
АТСЕТИЛХОЛЍН (лот. Acetylcholinum) — эфири мураккаби ҳолин, ки аз кислотаи атсетат ҳосил мешавад, СНзСООСН2СН2N(СНз)3ОН; – булӯрҳои беранг, дар об, спирт, хлороформ ба осонӣ ҳал мешавад, вале дар эфир ҳал намешавад. Массаи мол. 163,2. Атсетилхолин моддаи аз нигоҳи биологӣ фаъол буда, дар табиат фаровон аст. Бо миқдори кам (чанд ҳиссаи мкг) дар бофтаи организмҳо (дар шакли нофаъол) вуҷуд дорад. Ҳангоми баъзе бемориҳо миқдори атсетилхолин дар хун меафзояд. Дар организм атсетилхолин аз кислотаи атсетат ва холин зери таъсири ферменти холинатсетилаза ҳосил шуда, дар нитаҷаи таъсири ферментҳои гурӯҳи холинэстераза таҷзия мегардад. Атсетилхолин медиатор – ноқили импулсҳои барангезиши силсилаи асабҳои марказӣ ва канорӣ мебошад. Атсетилхолин эффекти хосси барангезиши унсурҳои парасимпатии силсилаи канории асаб (паст шудани фишори хун, суст гаштани кори дил, афзудани фаъолияти меъда ва рӯдаҳо, танг шудани гавҳараки чашм ва ғайра)-ро ба вуҷуд меоварад. Зери таъсири баъзе ингибиторҳои холинэстераза (масалан, карбаматҳо, инсектисидҳои фосфорорганикӣ ва баъзе моддаҳои заҳрнок) миқдори атсетилхолине, ки ҳидролиз нашудааст, афзуда аввал ангезиши импулсҳои асабро метезонад ва сипас хомӯш мекунад. Барои муайян кардани атсетилхолин асосан аз нишондодҳои биологӣ (кашиши мушаки шуллук, мушаки шиками қурбоққа ва ғайра) истифода мебаранд. Баъзе ҳосилаҳои атсетилхолин, масалан, атсетилхолинхлорид, карбамоилхолинхлорид ё карбаҳолин (эфири мураккаби холин ва кислотаи карбаминат), суксинилхолинйодид ё дитилин (эфири мураккаби ҳолин ва кислотаи каҳрабо) ва ғайра дар тиб ба кор бурда мешаванд.
[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.80