Jump to content

Атсилонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АТСИЛОНӢ — бо боқимондаи кислотаҳои карбон RCO (гурӯҳи атсил) иваз кардани атоми ҳидрогени пайвастҳои органикӣ. Чун унсури атсилонанда кислотаҳои карбон RCOOH, ангидрид (RCО)2О, хлорангидриди сулфокислотаҳо (масалан, бензолсулфохлорид C6H5SO2CI) истифода мегарданд. Атсилонии спиртҳо ва фенолҳо бо кислотаҳо, ангидрид ва галогенангидриди кислотаҳо зуд ба амал меояд. Дар натиҷа эфирҳои мураккаб ҳосил мешаванд. Атсилонии пайвастҳои ароматӣ бо атсилхлорид (реаксияи Фридел-Крафтс, 1887) дар иштироки кислотаи Люис, АlСl3 ё карбкатиони озод сурат мегирад. Атсилониро барои ҳимояи аминогурӯҳ дар вақти баъзе реаксияҳо, синтези маводди доруворӣ ва ғайра истифода мебаранд.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.80