Атташе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


АТТАШЀ (фаронс. аttaché – айнан вобаста) — 1) мартаба – рутбаи шахсии хурд (ё яке аз мартабаҳои хурд)-и дипломатӣ; 2) вазифаи хурди корманди дипломатии дастгоҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ё намояндагии дипломатӣ; 3) корманди дипломатӣ, намояндаи ягон идораи ҳарбӣ дар назди муассисаи дахлдори мамлакате, ки дар он фаъолият менамояд (атташеи ҳарбӣ, атташеи ҳарбӣ-баҳрӣ ва ғайра), ё корманди намояндагии дипломатӣ, ки донандаи масоили ахбори ин намояндагист (пресс - атташе) ва ё робитаҳои байни намояндагии кишваре, ки дар он хидмат мекунад ва мамлакаташро (атташеҳои махсуси молиявӣ, оид ба илм, фарҳанг ва ғайра) таъмин менамояд.[1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.81