Аттраксион
Зоҳир
Аттраксиóн (фр. Attraction – айнан ҷазб кардан) — намоиши таъсирбахш дар cирк, ҳунарнамоии ҳайратангези чашмбанд ва шуғл бо ҳайвоноти ромшуда. Мафҳуми аттраксион аввалҳо барои ифодаи тартиби намоишҳои cирк, ки асоси онро шуъбадабозӣ, чашмбандӣ ва воситаҳои механикию техникӣ ташкил медод, истифода мешуд. Баъдтар намоишҳои махсуси дилчаспу таъсирбахшро аттраксион номиданд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.84