Jump to content

Аудиометрия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Аудиомéтрия (аз лот. audīre — шунидан, -метрия аз юн. -metron — ченкунӣ) — андоза кардани қувваи сомеа. Азбаски қувваи сомеа (шунавоӣ) аз рӯйи дарки ҳадди садо муайян карда мешавад, аудиометрияро барои мушаххас кардани қувваи пасттарини садое, ки одам мешунавад, мувофиқ месозанд. Усули муқаррарии аудиометрия дарк кардани садоҳои гуногуни одам ё камертон аз масофаи гуногун мебошад (20–25 метр). Дар шароити муқаррарӣ сомеа ҳамон вақт беиллат дониста мешавад, ки агар одам садои паст (пичир-пичир)-ро аз масофаи 6–7 метр шунавад. Аудиометрияро асосан бо ёрии асбобҳои махсуси аудиоакустикӣ – аудиометрҳо амалӣ месозанд. Натиҷаи аудиометрия дар шакли аудиограмма навишта мешавад. Ҳадди шиддати овоз­ро бо ёрии ҷадвал муайян намуда, бо ҳамин роҳ дараҷаи заъфи сомеаро аниқ месозанд.

  • Исхоки Ю. Б. Детская оториноларингология. Душанбе, 1977;
  • Таворткиладзе Г. А. Руководство по аудиологии. Москва, 2003.