Jump to content

Аудиторияи оммавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аудиторияи оммавӣ – тамоми қабулкунандагони иттилооте, ки тавассути ВАО паҳн карда мешавад: хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳо, шунавандагони гуфторҳои радио, бинандагони барномаҳои телевизион, истифодабарандагони Интернет, харидорони барномаҳои компютерӣ, пластинкаҳо, кассетаҳо ва дискҳо бо сабти овоз ва навор, мухлисони кино ва амсоли ин. Хосияти асосии аудиторияи оммавӣ – мардумӣ мебошад, ки ба сифати унсури ҷудопазири системаҳои иттилоотии муосир ва фарҳанги оммавӣ баррасӣ карда мешавад. Доир ба тафсили аудиторияи оммавӣ назарияҳои гуногун мавҷуданд. Иддае онро ҳамчун истеъмолкунандагони бепарвои иттилооти аз ҷониби ВАО пешниҳодшаванда ва гурӯҳе, баръакс, аудиторияи оммавиро ҳамчун қувваи ҷамъиятие маънидод мекунанд, ки қудрати ба ВАО таъсир расонидан доранд ва аудитория бо хусусиятҳои синну солӣ, ҳирфаӣ, этникӣ, фарҳангӣ ва амсоли ин аз ВАО ҳуқуқи талаб кардани маҳсулоти иттилоотиро дорад. [1]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.27. ISBN-978-999-47-43-37-7