Ауксинҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Ауксинҳó (аз юн. αὔξω — месабзонам, зиёд мекунам) — моддаҳое, ки дар ҳуҷайраи рустанӣ ҳосил шуда, рушди он (рушди решаи қаламча, тақсимшавии ҳуҷайраи бофта ва ғайра)-ро метезонанд. Ауксинҳо ба фитогормонҳо мансубанд. Соли 1933 кимиёдони ҳолландиягӣ Кёгл аз пешоб 3 навъи ангезандаи рушди рустаниро ҷудо карда, ауксини «Ауксинҳо» (кислотаи ауксинтриол – C13H32O5), ауксини «В» (кислотаи ауксенолон – C18H30O4) ва гетероауксин (кислотаи индолилатсетат – C10H9O2N) номид. Ауксинҳоро аз ҳуҷайраҳои рустанӣ бо ду усул ҳосил мекунанд (диффузӣ ва ҷудокунӣ). Миқдори ками ауксинҳо рушди рустаниро тезонда, миқдори зиёдашон таъсири бад мерасонад. Ауксинҳо аз рӯйи сохт оксикислотаҳои якасосаанд. Дар қисми навруста ва тезсабзи рустаниҳои олиташаккул (дар нуқтаи рушди поя, нӯги реша, баргу муғҷа ва ғайра) ҳосил мешаванд. Ауксинҳо қобилияти ба тавассути реша ба боло ва ба воситаи тана ба поён ҳаракат карданро доранд. Дар бофтаи рустаниҳо дар ҳолати озод ё пайваст дучор мешаванд. Ауксинҳои озод аз ҷиҳати биологӣ фаъоланд ва дар рустанӣ бо фитогормонҳо (гиббереллинҳо ва кининҳо) ва маҳсули мубодилаи моддаҳо таъсири мутақобила мерасонанд. Тахмин мекунанд, ки ауксинҳо биосинтези баъзе ферментҳоро, ки дар ҳосилшавии ҷузъиёти таркиби девораи ҳуҷайраҳо иштирок мекунанд, метезонанд ё ба комплексҳои ноустувори кислотаи рибонуклеат дохил шуда, тақсимшавии ҳуҷайраҳоро ба низом медароранд. Аз ауксинҳои табиӣ дар рустаниҳо бештар кислотаи 3 индолилатсетат дучор меояд, вале онро дар кишоварзӣ нисбат ба ауксинҳои синтезӣ (кислотаи индолилбутанат, кислотаи нафтилатсетат, кислотаи дихлорфеноксиатсетат) кам кор мефармоянд, чунки кислотаи 3 индолилатсетат зери таъсири ферментҳои рустанӣ мунтазам таҷзия мегардад, ҳол он ки пайвастҳои синтезӣ дучори таҷзияи ферментӣ намешаванд. Бинобар ин вояи ками онҳо самари беҳтар ва бардавом меоварад. Ниг. низ Танзимкунандаҳои рушди рустанӣ.[1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.85 / М. Самиев
  • Гамбург К. 3. (ва дигарон). Регуляторы роста растения. Москва, 1979;
  • Негру П. В. Физиология винограда и основы его возделывания. Кишинев, 1983;
  • Регуляторы роста растений.Москва, 1990;
  • Кириллов Ю. И. (ва дигарон). Рост и развитие растений. Зауралье, 2001.