Jump to content

Аускултатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пизишк дар ҳоли гуш додани садои шикам
Пизишк дар ҳоли гуш додани садои шикам

Аускултатсия (лот. auscultatio - шунидан) — усули шунидани садо (ғулғула, соиш ва ғайра)-и кори узвҳои бадани одам бо гӯш ё ба воситаи асбобҳои махсус, масалан, фонендоскоп. Аускултатсияро дар амалияи тиб соли 1819 табиби фаронсавӣ Р. Лаэннек ҷорӣ намудааст. Аз усули аускултатсия дар соҳаи терапия, фтизиатрия, кардиология, акушерӣ, пулмонология, баъзан дар ҷарроҳӣ истифода мекунанд. Аускултатсия яке аз усулҳои муҳимми ташхиси узвҳои нафас ва гардиши хун мебошад. Бо кашф шудани таҷҳизоту асбобҳои барқӣ ва акустикӣ аускултатсия такмил ёфт.