Jump to content

Афелинус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афелинус
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Афели́нус (лот. Aphelinus mali) — як навъ ҳашарот. Афелинус дар ҷисми ширинчаҳои хунин зиндагӣ мекунад. Дарозии баданаш 1,2 мм; рангаш сиёҳ, шикам, нӯги пойҳои пеш ва пойҳои қафояш зард. Кирминааш гирдаи чиндор ва зард. Одатан бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунад. Модинааш 50–100 тухм мегузорад. Афелинусро аз Амрикои Шимолӣ ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон овардаанд. Афелинусро дар Тоҷикистон ба муқобили ширинчаи хунин аз соли 1948 истифода мебаранд. Кирминаҳои болиғи Афелинус зимистонро дар бадани ширинча мегузаронанд. Афелинус баҳорон паррон мешавад. Модинааш ба шиками кирмина ва ширинчаи болиғ якто тухм мегузорад. Дар натиҷа ширинча тадриҷан аз ғизогирӣ мемонад ва нобуд мешавад. Афелинусҳои болиғ бадани ширинчаро сӯрох карда, баромада, парида мераванд. Афелинус ҳангоми 15–25°С будани ҳарорати ҳаво дар 18–26 шаборӯз инкишоф меёбад ва дар давоми тобистон 6–9 маротиба насл медиҳад. Афелинус ҳашароти хеле фоиданок буда, ширинчаи хунинро қариб тамоман нобуд мекунад ва зарари онро бартараф менамояд. Солҳои охир дар натиҷаи истифодаи баъзе пестисидҳо Афелинус дар бисёр минтақаҳои боғдории ҷумҳурӣ саросар нобуд шуд, ки боиси авҷ гирифтани афзоиши ширинчаи хунин гардид. Азбаски Афелинус қобилияти ба дур парвоз кардан надорад, ӯро бо роҳи сунъӣ паҳн мекунанд. Бо ин мақсад тирамоҳ шохчаҳои себи ширинчадорро, ки дар бадани ширинчаҳои хунинашон тухми афелинус мавҷуд аст, то моҳи апрел дар биноҳои хунук нигоҳ медоранд, сипас аз ҳисоби 1000 фард ба 1 га ба дарахтони мева меовезанд.

  • Бей-Биенко Г. Я. Общая энтомология. М., 1998.