Афзалуддини Кошонӣ
![]() |
![]() |
Афзалуддини Кошонӣ | |
Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Муҳаммад | |
Санаи таваллуд: |
асри XIII |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Санаи марг: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: |
АФЗАЛУДДЍНИ КОШОНӢ (أفضل الدین کاشانی) Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Муҳаммад маъруф ба Бобо Афзал (соли таваллуд номаълум, Кошон – вафот тақрибан 1276, ҳамон ҷо), шоир ва файласуфи форс-тоҷик. Дар таърихи адабиёт чун шоири рубоисаро маъруф аст, вале ғазал низ гуфтааст. Мавзӯи рубоиёту ғазалҳояш мазаммати беадолатиҳои замон, рӯҳониёни риёкор, зулму золимӣ мебошад. Баъзе рубоиҳояш тасаввуфианд. Гоҳе озодандешона, бо шубҳаву гумон сухан кардааст:
Ҳам сирри ҳақиқатию ҳам кони сахо,
Дорам сухане ба ту, ҷавобаш фармо:
Гӯянд: «Худо буду дигар ҳеч набуд»
Чун ҳеч набуд, дар куҷо буд Худо?
Осор[вироиш]
Асарҳои муҳимми фалсафии Афзалуддини Кошонӣ «Минҳоҷу-л-мубайин», «Мадориҷу-л-камол», «Роҳи анҷоми нома», «Арзнома» ва «Ҷовидоннома» мебошанд, ки дар маҷмуъ «Мусаннафоти Афзалуддини Кошонӣ» (Т., 1953) ба табъ расидаанд.
Адабиёт[вироиш]
- Таърихи адабиёт дар Эрон. Забебуллоҳ Сафо.-ҷ.3/2,Теҳрон, 1371.- с.1182-1187
Сарчашма[вироиш]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ М. Диноршоев.