Афзалуддин Муҳаммади Турка
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1583 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): |
Афзалуддин Муҳаммади Турка (форсӣ: افضلالدین محمد بن حبیبالله ترکه اصفهانی; Исфаҳон — 1583, Рай) — фақеҳ, муҳаддис, қозӣ, шоир ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз хонадони Турка, ки дар замони Салҷуқиён (асри 11) аз Хуҷанд ба Исфаҳон омада, муқимӣ шудаанд. Афроди ин хонадон ҳама аҳли илму адаб, соҳиби обрӯю эътибор будаанд. Афзалуддин дар замони Таҳмосби Сафавӣ (ҳукмронӣ 1524—1546) қозии Исфаҳон будааст. Муаллифони тазкираҳову сарчашмаҳои адабии зиёде аз Афзалуддин чун шоири тавоно ва боистеъдод ёд кардаанд.
Аз абёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дӯзахи ҳиҷрон лаби кас кай хандад,
Ё хотири ӯ ба хуррамӣ пайвандад.
Гар он дӯзах чу дӯзахи ҳиҷрон аст,
Ҳошо, ки Худо ба кофарӣ бипсандад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афзалуддин Туркаи Хуҷандӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.