Jump to content

Афзалуддин Садри Турка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афзалуддин Садри Турка
Хоҷа Афзалуддин Муҳаммади Турка أفضلالدین صدر ترکه
Таърихи таваллуд: асри XV
Таърихи даргузашт: 1446, Исфаҳон
Навъи фаъолият: шоир

Афзалуддин Садри Турка(أفضلالدین صدر ترکه) Хоҷа Афзалуддин Муҳаммади Турка (соли таваллуд номаълум — 1446, Исфаҳон) — шоири форс-тоҷик, яке аз намояндагони маъруфи тасаввуф. Писари Абуҳомиди Турка. Дар назди падараш улуми мутадовилаи даврро омӯхт ва чун шахси таҳсилкардаву донишманд шуҳратманд гардида буд. Афзалуддин қурбони фитнаву задухӯрдҳои байниҳамдигари Шоҳрух ва писараш Абусаид Мирзо (ҳукмронони темурӣ) гардид. Абусаид ба Исфаҳон ҳуҷум кард ва мехост онро ба даст бигирад. Падараш, ки аз кори писар норозӣ буд, ба Исфаҳон омад. Абусаид Мирзо гурехт. Шоҳрух якчанд нафареро, ки ба дарбори ҳокими шаҳр қаробат доштанд, аз ҷумла, Афзалудинро ба асирӣ гирифт ва ба Сова бурда, ба дор кашид. Аз Афзалудин ба ғайр аз ашъори дар анвои гуногуни назм сурудааш, инчунин тарҷумаи китоби Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абулкарими Шаҳристонӣ (1086—1153) «Ал-милал ва-н-ниҳал», ки дар тарҷума онро «Танқеҳу-л-адилат ва-л-илал фӣ тарҷамат китоб ал-милал ва-н-ниҳал» ном додааст, боқӣ мондааст.

  • Худжанд [Энциклопедия]. Д., 1999