Jump to content

Афзори наҷҷорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Арраи мудаввари барқӣ

Афзори наҷҷорӣ — асбобҳо барои коркарду пардози чӯб ва аз он сохтани маснуоти гуногун, ки мувофиқи иҷрои амал ва таъйинот ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: Афзори назоратию андозкунандаи бурандаи дастӣ (масалан, навъҳои гуногуни арра – дастарра, ғӯлабур ё дусара, дандонкалон, маҳинбур, шаддабур ва ғайра; ранда – кафранда, лабранда, нақшсоза, нонранда, пардозранда, ҷафсранда ва ғайра; искана, парма ва ғайра); Афзори назоратию андозкунандаи нишонагузорӣ ва андозакунӣ (хаткаш, гунё, паргор ва ғайра); фаръӣ (болға, анбӯр, винттоб, теша ва ғайра). Баробари пешрафти илм ва техника дар чӯббурӣ ва коркарди чӯб арраҳои мудаввар ва занҷирии электрикӣ, ранда, парма ва афзори сайқалдиҳандаи барқӣ, дастгоҳ ва хатҳои худкор истифода мешаванд.