Афзори филиззбурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Афзóри филиззбурӣ — як навъи афзори буранда, асбоби меҳнат, ки барои тағйир додани шаклу андозаи масолеҳи филиззӣ бо мақсади ба даст овардани ҷузъи тайёр ё масолеҳи нимтайёр бо роҳи тарошида кор кардан истифода мекунанд. Афзори филиззбурӣ мошинӣ (дастгоҳ) ё дастӣ мешавад. Афзори филиззбурии мошинӣ аз қисмҳои корӣ (ки онро ҷузъи буранда ва андозадиҳанда ташкил медиҳад) ва мустаҳкамкунанда иборат аст. Қисми буранда бевосита аз масолеҳ қисми нозарурашро мебурад. Он аз як ё якчанд алмос, ҷӯякҳо барои дур кардани аррамайдаи филизз, унсури назорати ҳаҷму андоза ва ҷӯяк барои инти­қоли моеи молиданӣ ва сардкунӣ иборат мебошад. Вобаста ба таъ­йиноти технологӣ афзори филиззбурии мошинӣ ба зергурӯҳҳо тақсим мешавад: теғаҳо, рандаҳо, дандонабарор, рахпечбарор, сӯрохкунанда, суфтагарӣ ва ғайра Дар афзори филиззбурии мошинӣ асосан пӯлод, хӯлаҳои сахт ва маводди филиззию сафолии фавқуссахт истифода мегарданд. Бузургиҳои технологии афзори филиззбурӣ ба умқ ва суръати буриш вобаста аст. Талаботи асосӣ ба афзори филиззбурӣ – маҳсулнокии баланд бо бузургиҳои тозагӣ ва саҳеҳии коркард, тамоюл аз бузургиҳои ҳандасӣ, сахтии қисми буранда, намуди берунӣ ва ғайра аст. Феълан афзори филиззбурии мошинӣ бо барномаҳои комютерӣ (технологияи рақамӣ) идора карда мешаванд.

Ба афзори филиззбурии дастӣ искана, сӯҳон, сӯҳонча, дастарра ва ғайра мансубанд, ки бе истифодаи таҷҳизоти филиззбурӣ истифода мешаванд. Феълан мошинҳои дастие маъмул гаштаанд, ки ҷузъи кории онҳо афзори дастӣ буда, бо ҳаракатоварҳои барқӣ, гидравликӣ ва пневматикӣ ба кор андохта мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.110-111 / Б. Одинаев.