Афзори челонгарию васлкунӣ
Зоҳир
Афзори челонгарию васлкунӣ — асбоби дастӣ ё механикӣ ва олоти гуногун барои челонгарию васлкунӣ. Масалан, барои устувор нигоҳ доштани маснуот шиканҷа ва дигар афзори насбию гиро хидмат мекунанд; бо ёрии пармаи дастӣ ва барқӣ маснуот сӯрох карда мешавад; пайвастҳои винтиро ба воситаи калиди печмуҳра ва винттоб муҳкам мекунанд. Барои қат кардан, буридан, тарошидан ва сайқал додани маснуоти филиззӣ афзори гуногуни челонгарӣ: арраи оҳанбур, сӯҳон, афзори суфтагарӣ (абразивӣ), ҳак ва ғайра мавҷуд аст. Ба мақсади афзун кардани ҳосили кор ва беҳтар намудани шароити он бештар воситаҳои механикиро истифода мебаранд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афзори челонгарию васлкунӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.