Jump to content

Афрӯзиш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Афрӯзѝш — афрӯхтани омехтаи сӯзишворӣ дар силиндрҳои муҳаррики дарунсӯз. Ду навъи афрӯзиш маълум аст: афрӯзиш аз батареяи аккумляторҳо ва афрӯзиш аз магнето. Дар афрӯзиши батареявӣ ҷараёни барқи пастшиддат (12-16 В) аз батареяи аккумуляторҳо ба воситаи калиди афрӯзиш ба симпечи якуми ғалтаки индуктивӣ меояд. Чараёни баландшиддат (12000–15000 В), ки дар симпечи дуюми ғалтаки индуктивӣ ба вуҷуд меояд, ба воситаи ротор ба контакт ва аз он ба шамъи силиндр дода мешавад. Байни электродҳои шамъ шарора пайдо шуда, афрӯзиш ба амал меояд. афрӯзиши батарявӣ оғози хуби кори муҳаррикро таъмин карда, бештар дар автомобил татбиқ меёбад. Дар афрӯзиши аз магнето баамалоянда ба батареяи аккумуляторҳо эҳтиёҷ нест. Ин усули афрӯзиш дар трактор, мототсикл ва автомобилҳои махсус татбиқ мешавад.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125