Jump to content

Афсари Сигзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


«Афсáри Сигзӣ» أفسر سگزی — оҳанги мавсимию маросимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ дар аҳди Сосониён ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод кардааст. «Афсари Сигзӣ» ба силсилаи аввали «Хусравонӣ»-и Борбад дохил шуда, ҳолату рӯҳияи мардумро дар рӯзи иди Наврӯз васфу тараннум мекардааст. Мувофиқи маълумоти рисолаи мусиқии «Мақолид-ул-улум»-и Ҷурҷонӣ, «Афсари Сигзӣ» чун шуъбаи мусиқӣ дар асрҳои 12–13 амал доштааст, вале дар «Дувоздаҳмақом» хотирнишон нашудааст; 2) сози тории мусиқии қадимии мардуми эронинажод, ки бо ин ном шуҳрат доштааст.[1]

  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV–VII. Д., 2011.
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125 / А. Раҷабов.