Мулло Мухтор-махдуми Бухороӣ |
|
Санаи таваллуд: |
солҳои 90 асри 19
|
---|
Зодгоҳ: |
Бухоро
|
Афсáҳ أفصح Мулло Мухтор-махдуми Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан солҳои 90 асри 19) — шоири тоҷик. Қабраш дар Бухоро. Пас аз хатми таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро ба шеъргӯӣ шурӯъ намудааст. Дар доираи адабии давр чун шоир шуҳрат доштааст. Аз осораш намунаҳо дар тазкираҳову баёзҳо боқист. Забони ашъораш бар хилофи пайравони сабки мушкилписанди Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар асри 19 хеле зиёд буданд, содаву равон мебошад.[1]
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125 / Ҳ. Қаландаров.
- Возеҳ. Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб. Д., 1977.