Афқар
Афқар (أفقر Мулло Маҳмудхоҷаи Бухороӣ, соли тавввалуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (нимаи дуюми садаи XIX – ибтидои садаи XX).
Шарҳи ҳол
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тазкираҳои Афзал Махдуми Пирмастӣ, Муҳтарам ва дигарон дар бораи ин шоир маълумот дода шудааст. Дар замоне, ки онҳо бо ӯ ошноӣ пайдо кардаанд, ба синни пирӣ расида будааст. Ба замми илмҳои расмии мадрасаӣ Афқар аз наққошӣ, лаввоҳӣ, хаттотӣ огоҳӣ дошт. Ҳангоми сафари ҳаҷ дар Ҳиҷоз ва дигар шаҳрҳои Арабистон ба аҳли фазлу ҳунар мулоқот кардааст.
Мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мероси адабии Афқар то замони мо ғазалҳо ва абёти пароканда ба тавассути тазкираҳову баёзҳои садаи XIX расидаанд. Мувофиқи маълумоти Пирмастӣ Афқар маснавие доштааст, ки дар он якчанд ҳикояту ривояти иборат аз 15 байт фароҳам омада буданд.
Намуни ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Абёти зерин намунае аз ашъори Афқар мебошанд:
- Қомати хубе, ки сарви ҷӯйбори раҳмат аст,
- Нозукиҳои хиромаш бурду бори раҳмат аст.
- Муждаи мастони ҷоми ҷурми навмедӣ хатост,
- Саркашӣ шахси гунаҳро зулфиқори раҳмат аст.
- Сарфарози ду ҷаҳонам аз хами абрӯйи ту,
- К-он шаҳи кавнайн соҳибихтиёри раҳмат аст.
- Гарчи, Афқар, нестам шоистаи кор, охират
- Чашми хунборам сафед аз интизори раҳмат аст.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.113-114