Jump to content

Ахбори Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ахбóри Акадѐмияи Илмҳóи Ҷумҳурѝи Тоҷикистóн — маҷаллаҳои илмию назариявие, ки аз тарафи шуъбаҳои АИ ҶТ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасанд. Январи 1952 таъсис ёфтааст. Солҳои аввал мавсимӣ ё даврӣ (соле се-чор шумора) чоп мешуд. Солҳои 1964–90 ҳар моҳ (12 шумора) мебаромад. Аз соли 1992 нашри силсилавии Ахбори Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. То соли 2000 бахшҳои «Фалсафа ва ҳуқуқ», «Иқтисод ва сиёсатшиносӣ», «Филология ва шарқшиносӣ», «Физикаю математика, химия, геология, техника», «Биология ва тиб» мавсимӣ ба табъ мерасиданд. Ҳоло дар як сол ҳар кадом 4 шумора мебароянд. Маҷаллаҳои мазкур воситаи оммавии ахбори илмӣ ба шумор мераванд. Дар саҳифаҳои онҳо натиҷаи таҳқиқоти илмии олимон аз шуъбаҳои марбутаи АИ ҶТ, мақолаҳои олимони дигар пажӯҳишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва аспирантҳову унвонҷӯён чоп мешаванд. Ин нашрияҳо барои олимон, омӯзгорони мактабҳои олию миёна ва ҳамаи онҳое, ки ба пешрафти илму техникаи Тоҷикистон шавқу рағбат доранд, ҳамчун воситаи оммавии ахбори илмӣ хидмат мекунад.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.132