Ахейҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ниқоби подшоҳи ахейҳо Аҳамемнон

Ахейҳо (юн.-қад. Ἀχαιοί, лот. Achaei, Achivi) — яке аз қабилаҳои асосии Юнони Қадим, аввал дар Фессалия (Юнони Шимолӣ), ибтидои ҳазорсолаи 2-и то м. дар Пелопоннес ва баъзе ҷазираҳои Баҳри Эгей маскун шуданд.

Ахейҳо давлатҳои аввалини синфии Микенне ва Пилосро ташкил дода, асрҳои 15-13 то м. ба авҷи тараққиёти иқтисодию сиёсӣ расиданд. Ахейҳо дар таърихи Юнони Қадим мавқеи намоён доштанд, аз ин рӯ, диг. қабилаҳои юнонӣ низ аслашонро ба онҳо пайваста, худро Ахейҳо меномиданд. Нимаи аввали садаи XIII то м. баъди Ҷанги Троя давлатҳои Ахейҳо суст гардида, бо ҳуҷуми дориҳо ва дигар қабилаҳо иқтидору мавқеашон таназзул ёфт. Қисми Ахейҳо дар Осиёи Хурд, Кипр ва дигар ҷазираҳо, дар Пелопоннес ба Шимол танг карда шуданд ва дар назди халиҷи Коринф вилояти мустақили Ахайяро ташкил намуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]