Jump to content

Ахтарнигор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ахтарнигор (форсӣ: اخترنگار‎), астрограф (аз юн.-қад. ἄστρον — нур ва γράφω — менависам) — абзори ахтаршиносӣ барои аксбардориҳои кайҳонӣ. Ахтарнигорро аз рӯйи тарҳи рефрактор, рефлектор ва ё телескопи оинагӣлинзагӣ месозанд. Ахтарнигор дар қисми дидгоҳ кассети аксбардорӣ дорад, ки афканишоти ҷирми мунирро қабул мекунад. Ҳоло ба ҷойи лавҳаи аксбардорӣ ошкоргарҳои рақамӣ ба кор бурда мешаванд. Дар Расадхонаи Ҳисор ахтарнигори 40-сантиметраи Сейсс-Йена истифода ме­шавад.