Ахтаршиносии амалӣ
Ахтаршиносии амалӣ, астрономияи амалӣ — яеке аз бахшҳои ахтарсанҷӣ, ҷойгир кардан, доир кардан ва коркарди натиҷаи мушоҳидаҳо бо асбобу афзори ахтаршиносӣ, ки барои ҳалли ин ё он масъалаи ахтаршиносӣ заруранд.
Назарияи асбобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қисми асосии онро назарияи асбобҳо ташкил медиҳад (нигар. Асбобу афзори ахтаршиносӣ). Саҳеҳтараш ахтаршиносии амалӣ санъати мушоҳида кардан аст. Ахтаршиносии амалӣ аз рӯйи ҳалли масъалаҳои мавҷуда ба се соҳа тақсим мешавад:
- муайянкунии мавқеи ҷирмҳои осмонӣ (ситораҳо);
- муайянкунии, ба истилоҳ, собитаҳои ахтаршиносӣ, яъне масса, андоза ва шакли ҷирмҳои осмонӣ, андоза ва мавқеи мадори онҳо, ҳаракат ва ҷозибаи мутақобилаи онҳо (ҳаракати тақдимӣ, рақси меҳварӣ, инҳироф, шикасти нур);
- муайянкунии мавқеи ҷуғрофии ҷойҳо дар Замин (ба ин қисм майянкунии вақт низ дохил мешавад).
Дигар масъалаҳои ахтаршиносии мушоҳидавӣ, ба монанди омӯзиши сохт ва таркиби ҷисмҳои осмонӣ, фотометрия ва ғайраро астрофизика меомӯзад. Вазифаи се соҳаи зикршуда асосан дар гунбади осмон дар лаҳзаи маълум муайян кардани мавқеи ҷирми осмонӣ вобаста ба ягон системаи координатаҳо, дар амалия вобаста ба системаи экватор ё уфуқ мебошад. Бинобар он тамоми мушоҳидаҳои нуҷумӣ андозагирии кунҷҳо ё лаҳзаи аз ҳамворие гузаштани ҷирми осмониро ташкил медиҳад. Муайян кардани мавқеи экватори осмон ва нуқтаҳои бурриши он бо доиратулбуруҷ (эклиптика), яъне «сифр»-и тулӯъу ғуруби ҷирми осмонӣ, инчунин тайёр ва таҳия кардани феҳристҳои мавқеи мутлақи ситораҳо вазифаҳои муҳим ва асосии ахтаршиносӣ мебошанд, ки беҳтарин расадхонаҳои ҷаҳон бо ҳалли он машғуланд. Аксбардорӣ дар ахтаршиносии амалӣ, аз ҷумла барои муайян кардани мавқеи ҷирмҳои осмонӣ ва таҳияи нақшаи осмон, торафт бештар истифода мегардад. Ҳадафи ниҳоии ахтаршиносии амалӣ муайян кардани собитаҳои ахтаршиносӣ мебошад. Ҳоло ин собитаҳои ахтаршиносӣ тақрибан муайян карда шудаанд, бинобар ин бузургиҳои саҳеҳтари онҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ахтаршиносии амалӣ такмилдиҳии асбобу афзори ахтаршиносӣ бо мақсади кам кардани хатои андозагириҳо аҳаммияти зиёд дорад.
Ахтаршиносии амалӣ дар Шарқ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ахтаршиносии амалӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик хеле маъмул буд. Дар расадхонаҳои Рай (асри 9), Исфаҳон (асрҳои 10 – 11), Мароға (асри 13), Самарқанд (асрҳои 15 – 16) мушоҳидаҳои ахтаршиносӣ сурат мегирифтанд. Ҳоло дар Тоҷикистон дар расадхонаҳои Ҳисор ва Санглох олимони тоҷик ба воситаи ахтаршиносии амалӣ (бо усулҳои аксбардорӣ, спектрӣ ва фотоэлектрикӣ) ситораҳои тағйирёбанда, зузанабҳо ва ғайраро меомӯзанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.