Ахшунвор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ахшунвор
Подшоҳи Ҳайтолиён
450 — 480

Ахшунвóр (суғдӣ: Əxšāwan’ār) — подшоҳи Ҳайтолиён. Муосири шоҳаншоҳи Сосонӣ Фирӯз (459–484) буда, ду дафъа онҳо дар муқобили ҳам ҷангидаанд. Бори дуюм Фирӯзи Сосонӣ дар соли 484 ба Ҳайтолиён ҳамла кард. Чун Ахшунвор аз қасди Фирӯз огоҳ шуд, дастур дод, ки дар сари роҳи сипоҳи Фирӯз кандакҳо канда ва рӯйи онҳоро бо чӯби нозук ва хок бипӯшонанд. Замоне Фирӯз ба кандакҳо наздик шуд, Ахшунвор ва сарбозонаш фирор карданд. Сарбозони бисёри Фирӯз ба кандакҳо афтода, ҷони худро аз даст доданд. Ин дафъа низ артиши Ахшунвор пирӯз гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]