Jump to content

Аччиқтош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аччиқтошчашмаи обаш сарди маъдании карбонатӣ дар Помири Шарқӣ (ВМКБ). Дар водии Аличур (13,5 км шарқтари собиқ с-зи «Булункӯл») — дар баландии 3960 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масрафаш – 0,16 л/сон; ҳарор. 13°С; маъданнокиаш 3,9 г/л; таркибаш гидрокарбонати натрий дорад.

Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби маъдании Боржоми наздик аст[1].