Ашкии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ашкии Самарқандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Ашкии Самарқандӣ (форсӣ: أشکئ سمرقندی‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи XVI – ибтидои садаи XVII).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мадраса бо тазкиранигор Мутрибӣ шарикдарс будааст. Ҳамин шахс ӯро чун суханвари бемисл, дорандаи ашъори равону шево тавсиф намудааст. Дар муаммогӯӣ ва муаммокушоӣ маҳорат доштааст. Бештари ашъорашро «ба тарзи Ироқ» (сабки ироқӣ) эҷод кардааст.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин аз ӯст:

Тифли ашкам, ки чу дар дида зи ҳиҷрон бишикаст,
Шишаи сабр ба санг омаду афғон бишикаст.
Чеҳра то куфри сари зулфи ту, эй бут, бинамуд,
Нархи имон ба сари чорсуи ҷон бишикаст,
Номаи ҳаҷри маро хост барад мурғи умед,
Пару болаш зи гаронбории ҳиҷрон бишикаст.
Мижа то соя ба саҳни гули рӯяш андохт,
Сунбули хам ба хам аз сояи мижгон бишикаст.
Нахли уммеди ман аз санги маломат, Ашкӣ,
Ба ҳавои қади он сарви хиромон бишикаст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Суханварони Сайқали рӯи замин. Д., 1973.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]