Ашока
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-pi" does not exist. | |
| |
268 то м. — 232 то м. | |
Пешгузашта | Bindusara[d] |
Ҷонишин | Dasaratha Maurya[d] |
|
|
Таваллуд |
304 то м. |
Даргузашт |
232 то м. |
Дудмон | Maurya dynasty[d] |
Падар | Bindusara[d] |
Модар | Subhadrangi[d] |
Ҳамсар | Tishyaraksha[d], Karuvaki[d], Devi[d], Padmavati[d] ва Asandhimitra[d] |
Фарзандон | Kunala[d], Mahinda[d], Sangamitta[d], Tivala[d] ва Charumati[d] |
Эътиқод | буддогароӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ашока, Асока (санскр. अशोक, Aśoka) (273–232 то милод) — шоҳи Ҳиндустон, сеюмин ҳукмрони давлати Маврия. Набераи асосгузори сулолаи Маврия Чандра-Гупта. Тақрибан соли 260 пеш аз милод зимни муборизаи шадид сиёсати созмон додан ва таҳким намудани давлати Ҳиндустонро, ки бобову падараш ба ин кор шурӯъ намуда буданд, идома дода, давлати Калингуро ба худ тобеъ намуд. Замони ҳукмронии Ашока марҳалаи шукуфоии давлати Маврия, интишори хат, рушду нумӯи меъморӣ ва санъат ба шумор меравад. Давлати Ашока воқеан тамоми нимҷазираи Ҳиндустон (ба истиснои бахши ҷанубӣ)-ро дар бар мегирифт. Онҳо дини ведоии худро маҳдуд намуда, будоияро на фақат дар Ҳиндустон, балки берун аз ҳудуди он низ интишор медоданд. Ашока мухолифи дигар ҷараёнҳои динӣ набуд. То рӯзгори мо чанд навиштаҳои ҳаккокишуда дар рӯйи сангҳо ё сутунҳо ба унвони навиштаҷоти шоҳ Ашока омада расидаанд. Онҳо таърихгузорӣ шудаанд ва сарчашмаи муҳимми таърихӣ роҷеъ ба таърихнигории Ҳинди Қадим ба шумор мераванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонгард–Левин Г. М., Ильин Г. Ф. Древняя Индия. М., 1969;
- Котовский Г. Г. История Индии. М., 1979;
- История Востока. Т. 1. Восток в древности. М., 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони соли 304 то м.
- Зодагони Патна
- Даргузаштагони соли 232 то м.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Таърихи Ҳиндустон