Ашрафӣ (Миррамузӣ)
Зоҳир
Навъи фаъолият: | нависанда |
---|
Ашрафӣ (форсӣ أشرفی) (вафоташ тақрибан солҳои 1598/99) — шоири тоҷик. Бо номи Миррамузӣ низ шуҳрат дорад. Дар зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд ба камол расида, сипас барои такмили дониш ба шаҳру кишварҳои дигар (аз ҷумла Балх) сафар кардааст ва аз суҳбатҳои аҳли илму адаби замонаш баҳравар гаштааст. Оид ба муаммо чанд рисола таълиф кардааст. Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» овардааст, ки «дар илми арӯз низ ба фақир дахлҳо карда, ки суханаш холӣ аз маъқулият набувад, гӯё накӯ медонад. Ва дар гуфтани таворихи маснуъ низ моҳир зоҳир мешавад». Абёти зерин аз ӯст:
- Моҳи ман мерасад аз айни иноят шаби ид,
- Ки дари айш кушояд ба зарандуд калид.
- Чарх рухсораву абрӯи ту диду зи шафақ
- Оташе зад, ки камони маҳи нав гум гардид.
- Чун камони хами абрӯи туро дид Ҳилол,
- Хешро аз назари халқ ба як гӯша кашид.
- Ба забони маҳи нав дӯш ҳамегуфт фалак,
- Ки ҷаҳоне гузарон аст, вале кас нашнид.
- Ашрафӣ орзуи дидани абрӯи ту дошт,
- Қоматаш хам чу маҳи якшаба гардид падид.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Суханварони Сайқали рӯи замин. Д., 1973.