Шаҳло Ашуриён
Зоҳир
(Тағйири масир аз Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода)
Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода | |
Таърихи таваллуд | 12 май 1980 (44 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2015), Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз соли 2015) |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои тиб (2014) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2002) |
Ҷоизаҳо | Аълочии тандурустии Тоҷикистон |
Шаҳло Сайфуллозода Ашуриён — номзади илмҳои тиб (2014), Аълочии тандурустии ҶТ (2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳло Сайфуллозода Ашуриён 12 майи соли 1980, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2002). Духтури бемориҳои дарунӣ дар Маркази саломатии №9 Душанбе (2002-2007), мутахассиси пешбари Раёсати захираҳои кадрӣ ва илм, сармутахассиси Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2015) буд. Аз моҳи майи соли 2015 директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Директори муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. 24 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2018.