Ашъас ибни Абишшаъсо
Зоҳир
АШЪÁС ЍБНИ АБИШШАЪСÓ (арабӣ أشعثابنأبیالشعثاء) Сулайми Куфии Муҳорибӣ, (вафоташ 742), яке аз ровиёнест, ки аз падараш ва дигарон ҳадис ривоят кардааст. Ӯ дар ривоят сиқа буда, ҳар шаш аз асҳоби «Саҳеҳ»-ҳо аз ӯ ҳадис овардаанд. Ин ровӣ дар ривояти Тирмизӣ ҳам ба шакли «Ашъас ибни Абишшаъсо» ва ҳам ба шакли «Ашъас ибни Сулайм» ёд шудааст. / С. Шаҳобуддинов.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Адабиёт
- Муҳаммад ибни Исо ат-Тирмизӣ. Шамоилу-н-набӣ. Душанбе, 2010;
المناویعبدالرئوفالمصری. شرحالشمائل ( درحاشیۀشرحعلیالقاری). جلدهای۱-۲. المصر،۱۳۱۷هـ