Ашъор (хат)
Зоҳир
Ашъор (форсӣ: أشعار) — як навъи хат, ки бештар дар китобати шеър истифода мебурданд. Хаттоти араб Муҳаммад ибни Ҳасани Тиббӣ (вафоташ 1519) дар рисолааш «Ҷомеу маҳосини китобат-ил-куттоб» овардааст, ки Ибни Таввоб (вафоташ 1022) 16 навъи хат, аз ҷумла хатти ашъорро муайян карда, дар хусуси онҳо маълумот додааст. Аз ҷумла рисолаи мазкурро бо хатти зебои ашъор китобат кардааст. / С. Султонов
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ашъор // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.