Jump to content

Ашёи хом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ашёи хом, маводди хом — воситаи кор, ки инсон тағйир дода, сониян боз коркард мекунад.

Ашёи хом дар раванди истеҳсолот асоси моддии маҳсулоти тайёр ё нимтайёрро ташкил медиҳад. Дар ин маврид тамоми арзиши ашёи хом ба арзиши маҳсулоти истеҳсолкарда илова шуда, он шакли молро мегирад. Ашёи хом дар раванди истеҳсолӣ ва иқтисодиёт муҳим аст, аз ин рӯ онро шабеҳи маводди асосӣ медонанд. Ашёи хомро ба ду гурӯҳ: саноатӣ ва кишоварзӣ ҷудо мекунанд. Ашёи хоми саноатӣ дар навбати худ минералӣ ва сунъӣ мешавад. Солҳои охир истифодаи ашёи хоми сунъӣ меафзояд. Аз рӯйи истифода дар соҳаҳо ашёи хоми минералиро ба сӯзишворию энергетикӣ (нафт, гази табиӣ, варақсангҳои сӯзишворӣ) — филиззӣ (маъдани филиззҳои сиёҳ, ранга, нодир ва қиматбаҳо) — кӯҳкории кимиёвӣ (маъданҳои агрономӣ, барит, сулфур) — техникӣ (абрақ, алмос, графит) — сохтмонӣ (семент, сафол) ҷудо мекунанд. Ба ашёи хоми сунъӣ қатрони сунъӣ, пластмасса, каучуки синтезӣ, ивазкунандаҳои чарм, маводди синтезии шустушӯ ва ғайра дохил мешаванд. Ашёи хоми кишоварзиро маводди хоми саноати моҳидорӣ, ҷангал ва маҳсулоттайёркунӣ, ашёи хоми наботот (маҳсулоти зироатҳои ғалладона ва техникӣ, чӯб, рустаниҳои ёбоӣ ва доруӣ) ва ашёи хоми маҳсулоти чорво (шир, пӯст, пашм) ташкил медиҳанд. Дар баъзе соҳаҳои саноат ашёи хоми аввалия (дар филиззот — маъдан ва дар саноати истеҳсоли коғаз — селлюлоза) ва дуюмбора (оҳанпора, коғазпора) истифода мешаванд. Истифодаи дурусти ашёи хоми дуюмбора барои сарфа кардани кори ҷамъиятӣ, ашёи хом, энергия, кам кардани партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат мекунад.