Ашӯров Шуҳрат Абдулвоҷидович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ашӯров Шуҳрат Абдулвоҷидович
Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров
Санаи таваллуд:

25 апрел 1978(1978-04-25) (41 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

иқтисодиёт

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои иқтисод

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров (Тав. 25.04.1978, ш. Душанбе) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (2004).

Зиндагинома[вироиш]

Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров факултаи иқтисодиёти кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро хатм кардааст (1999). Аспирант, инспектори калони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2000–2004). Дар мавзӯи «Формирование и проблемы совершенствования системы управления в рыночных структурах аграрного сектора Республики Таджикистан» рисолаи номз. дифоъ кардааст (2004). Минбаъд дотсенти каф. назарияи иқтисод (2004–07), декани факултаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ (2007–2008), мудири шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шуда кор кардааст (2008–17). Аз соли 2018 мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон. Муаллифи 30 таълифоти илмӣ, аз ҷумла дастури таълимӣ-методӣ. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6