Jump to content

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур
Соли таъсисёбӣ 1931
Навъ давлатӣ
Ректор Салимзода А.Ф.
Донишҷӯён 6500 наф.
Мавқеъ Тоҷикистон
Сайт Торномаи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ»

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур (кутаҳ. ДАТ) — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳ соли 1931 дар шаҳри Ленинобод таъсис дода шуда, аз соли 1944 дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Аз соли 1992 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Сарпарасти донишгоҳ Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён зиёда аз 6500 наф., кормандони илмӣ-педагогии донишгоҳ — 600 наф. (2012). Ректор Салимов Амонулло (2014 то ҳол)

Солҳои 20-ум масъалаи наздик кардани фаъолияти кадрҳо ба шароити истеҳсолот, ҷойгиршавии минтақавии соҳаҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зарурияти таъсиси донишкадаи махсусро ба миён овард. Ин талабот ба он замина гузошт, ки соли 1931 дар пойгоҳи факултети хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна донишкадаи Осиёи Миёнагии меваю сабзавот (ДОММС) дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шавад.

Даставвал 13 кафедраи махсус ташкил карда шуд, ки дар онҳо омӯзгорон ба 25 донишҷӯ ва 336 шунавандаи факултети коргарӣ дарс медоданд. Инкишофи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, илми кишоварзӣ ва афзоиши талабот ба мутахассисон ба он оварда расонд, ки соли 1933 бо қарори Шӯрои Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон донишкадаи мазкур ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон табдил дода шуд. Соли 1992 бо назардошти потенсиали илмию педагогӣ, дастовардҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисон барои эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни комплекси агросаноатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада номи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дода шуд. (Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 10 августи соли 1992 шаҳри Душанбе)

Ба мақсади беҳтар намудани пойгоҳи моддию-техникӣ, бештар тайёр намудани мутахассисон барои ҳамаи минтақаҳо ва болоравии сатҳи хоҷагии қишлоқ бо қарори Шӯрои Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон соли 1944 донишкада ба пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) кӯчонида шуд.

Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷавонони қобилиятноки маҳаллӣ чун Раҳматзода У. Қ., Салибоев Ҳ., Шокиров А. Ш., Юнусов М., Юсуфов Х., Ҳокимов А., Солиев Ш., Ҳалимов И. ҷалб кунонида шудаанд.

Дар солҳои 40-ум дар ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногун: чорводорӣ ва кирмакпарварӣ тараққӣ карданд. Барои қонеъ гардонидани талаботи ин соҳаҳо дар соли 1943 шуъбаи зоотехникӣ ва дар соли 1944 бахши кирмакпарварӣ таъсис ёфт. Ғайр аз ин дар ин давра тайёр кардани мутахассисони донишкадаҳои кӯчонидашудаи Ленинград, Киев, Лвов, Кишинёв, Ворошиловград, Мичуринск ба роҳ монда шуда буд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр донишҷӯён ва устодони донишкада ихтиёран яроқ ба даст гирифта, мамлакатро аз фашистони истилогар ҳимоя карданд. Аксарияти онҳо қарзи ватандӯстонаи худро бошарафона иҷро намуда, дар майдонҳои набард абадӣ монданд. Бисёр ҷанговарон бо ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардида ба донишкада баргашта кори таълимию омӯзгориро давом доданд. Пас аз хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷумҳурӣ барои афзоиши босуръати соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ ва иҷрои вазифаҳои муҳими зироатпарварӣ ва чорводорӣ ба воситаи механизатсия кӯшиш намуд. Сохтмони иншооти обӣ ва обёрии системаноки зироатҳои хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани маданияти зироатчигӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карданд. Барои ба амал овардани ин чорабиниҳо шумораи кадрҳои зиёди инженерӣ лозим шуданд. Бинобар ин, аз соли 1946 тайёр намудани инженерони истеҳсолоти кишоварзӣ ва аз соли 1951 муҳандисони соҳаи об оғоз ёфт.

Бо мақсади ба хондан ҷалб намудани пешқадамони хоҷагии қишлоқ ва шахсони дорои маълумоти миёнаи тахассуси хоҷагии қишлоқ, ки ба давом додани хониш дар шуъбаи рӯзонаи донишкадаҳо имконият надоштанд, аз соли 1950 дар донишкада ба тайёр кардани мутахассисони ғоибхон шурӯъ шуд.

Татбиқи босуръати усулҳои хоҷагидорӣ ба он овард, ки соли 1966 шуъбаи иқтисодии факултети агрономӣ ба факултети махсуси иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ табдил дода шавад. Аз соли 1978 дар ин факултет тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳисоби бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ барои корхонаҳои кишоварзӣ оғоз ёфт.

Ташкили корхонаҳои азими чорводорӣ, парваришу интиқоли чорво дар асосҳои саноатӣ, ташкили хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм бевосита зарурати афзоиши духтурони тибби ветеринариро ба миён оварданд. Ин аст, ки аз соли 1963 дар донишкада тайёр кардани духтурони тибби ветеринарӣ сар шуд.

Бо мақсади тайёр кардан ва такмил додани дараҷаи тахассусии кадрҳои роҳбарикунанда ва мутахассисони хоҷагии қишлоқ соли 1966 бахши такмили ихтисос ташкил ёфт.

Бо назардошти дурнамои соҳаи боғу токпарварӣ ва мусоидати шароити иқлиму хок барои рушду нумӯи ин соҳа дар ҷумҳурӣ соли 1991 шуъбаи ҳимояи набототи факултети агрономӣ ба факултети боғутокпарварӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ табдил дода шуд.

Айни замон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ягона боргоҳи илму ҳунар аст, ки таърихаш ба зинаҳои тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ зич алоқаманд аст. Дар ин раванд дастпарварони донишгоҳ ҳамқадам ва яке аз омили асосии дигаргуниҳою комёбиҳои соҳаи кишоварзианд ва дар рушду нумӯи соҳа нақши босазо мегузоранд. Зиёда аз 30 нафар хатмкардагони донишгоҳ узви пайваста ва вобастаи АИ ва АИ Кишоварзии Федератсияи Россия интихоб шудаанд, 12 нафар қаҳрамонони меҳнат, 300 нафар номзадҳои илм ҳастанд. Садҳо хатмкардагон бо ҷоизаҳои давлати Шӯравӣ ва Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Дар донишгоҳ аз рӯи 26 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Донишгоҳ дар солҳои мавҷудияти худ зиёда аз 35 ҳазор мутахассисони маълумоти олидор тайёр намуд.

Дар айни замон дар сохтори донишгоҳ 4 хоҷагии таълимию истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Ёвону Ҳисор; 4 коллеҷи аграрӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаю Хуҷанд ва ноҳияҳои Бохтару Мастчоҳ, пажӯҳишгоҳи биотехнологӣ бо нуқтаҳои такягоҳиаш дар ноҳияҳои Тавилдара, Шаҳристон, Варзоб мавҷуданд. Айни замон аз рӯи ихтисосҳои заруртарин ба монанди: коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва механиконии он, агробизнес, коркарди гӯшту шир ва маҳсулоти онҳо, танзими замин, автоматӣ ва барқикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ, ташкилотчии хоҷагии деҳқонӣ ва ғайра мутахассисон тайёр мекунад.

Озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайати профессорону омӯзгорон фаъолияти омӯзгориро ба кори илмӣ муштарак пеш мебаранд. Тадқиқотҳои илмӣ ба ҳалли масъалаҳои ҳаррӯзаи комплекси агросаноатӣ, ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ ва тавсияҳои истеҳсолӣ равон шудаанд. Натиҷаи тадқиқотҳои илмии олимони донишгоҳ бо шаҳодатномаи муаллифӣ, патентҳо ва ихтироотҳои нав ба қайд гирифта шудаанд. Дар даҳ соли охир миқдори ин гуна дастовардҳо то ба 40 расидааст. Дастовардҳои профессор Нурматов Н. Қ. дар соҳаи обёрӣ бо медали тило қайд карда шудааст.

Агрономӣ

• Боғутокпарварӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ

• Зооинженерӣ

• Гидромелиоративӣ

• Тибби ветеринарӣ

• Механиккунонии кишоварзӣ

• Иқтисодӣ

• Агробизнес

• Факултаи донишҷӯёни хорҷӣ

• Факултаи ғоибона

• Факултаи Баҳисобгирӣ ва молия

Ҳайати профессорону омӯзгорон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 62 кафедра зиёда аз 600 нафар муаллимон босамар кор мекунанд, аз он ҷумла 3 нафар узви вобастаи АИ хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 42 нафар докторони илм, професорон, 125 нафар номзадҳои илм, дотсентон фаъолият менамоянд. Дар донишгоҳ олимон чун Алиев Ғ. А., Юсуфбеков Х. Ю., Носиров Ю. С. Қосимов Ҷ. Қ., Ғаффоров А. Қ., Мадаминов А. А., Мансурова М. У., Нурматов Н. К., Сардоров М. Н., Сабуров Б. С., Комилов О. К., Гулов С. М., Мадаминов В. С., Набиев Т. Н., Ҳаитов А., Эргашев Р., Юсупова Н., Нимадҷонова К. Н., Масаидов Р. С., Холиқов А., Бобоев Р., Мустақимов А. ва дигарон фаъолият мекарданд ва имрӯз низ баъзе аз онҳо фаъолият мекунанд.

Ректори нахустини Донишкада, олими агроном-биолог Комилӣ буд. Дар солҳои гуногун Булатов У. К., Раҳматзода, Кудрявсев, Медведенко С. Ф., Полищук О. Ш., Долгополов Т. С., Рогозин А., Лапин Ф. Я., Гулмамедов М. Г., Алиев Ғ. А.(19501953; 19731981), Шукуров О. Ш., Юсуфбеков Х. Ю. (1981—1986), Носиров Ю. С., Тағоев Ҷ. С., Мирзоев Д. М., Сатторов И. Т. сарварони донишгоҳ буданд. Алҳол сарварии донишгоҳро Салимов А. Ф. ба зимма дорад.

Олимони барҷастаи донишгоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]