Jump to content

Ашӯр Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ашӯр Ғафуров
Иттилооти асосӣ

Ашӯр Ғафуров (1876, Ӯротеппа — 1941, ҳамон ҷо) — кан­дакори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи кандакори касбӣ Ғафурзода ба дунё омадааст. Ашӯр Ғафуров баробари кандакорию меъморӣ дар сохтани иморат низ маҳо­ра­ти хуб дошт. Масҷиди На­моз­гоҳро дар Ӯротеппа таъмир намуда, аксари сутун­ҳои онро кандакорӣ кардааст. Яке аз беҳтарин наму­на­ҳои ҳу­на­ри Ашӯр Ғафуров дарвозаи ка­ндакории Осорхонаи таърихии Тошканд мебошад. Ашӯр Ғафуров инчунин ча­ҳорчӯби оина, қут­тии сигор, зарф­ҳои чӯ­бин, га­ҳ­вора, миз ва амсоли инҳоро сохтаву кан­дакорӣ кардааст. На­му­на­ҳои ҳунари Ашӯр Ғафуров дар По­­рис (1937), Маскав (1941) ва Тош­канд ба намоиш гузошта шудаанд. Як табақи бо усули нақ­ши барҷаста кандакорикардаи Ашӯр Ғафуров дар Осорхонаи санъа­ти халқҳои Шарқ (Мас­кав) маҳфуз аст, ки дар он намунаҳои осори санъати халқҳои Шарқ ни­гоҳ дош­та мешаванд. Ашӯр Ғафуров шогирди бисёре тарбия на­му­­дааст. Ӯ сол­ҳои 1924—1925 артели «Меҳнати сурх»-ро таъ­­сис дода, то охири умр ба он сарварӣ намудааст. Дар арте­ли мазкур даҳ­ҳо кандакори машҳур тарбият гирифтаанд.