Аъзои барқзо
Аъзои барқзо, аъзои барқофар — узви баъзе моҳиҳо, ки қобилияти ҳосил кардани барқро доранд (барои ҳимоя, ҳамла, ахбор аз муҳит ва ғайра).
Зиёда аз 300 навъи моҳиҳо аъзои барқзо доранд. Аъзои барқзо дар паҳлуи моҳӣ дар шакли ҳосилаҳои муғҷамонанд (суфрамоҳии барқӣ ва мормоҳии барқӣ), дар зери пӯст (лаққамоҳии барқӣ), зери чашм (ситорашумори амрикоӣ) воқеъ аст. Аъзои барқзо аз лавҳачаҳои сершумори бо ҳам васлшуда иборат мебошад. Дар суфрамоҳии барқӣ тақрибан 600, дар мормоҳии барқӣ 70 ва дар лаққамоҳии барқӣ тақрибан 2 млн сутунча мавҷуд аст. Потенсиале, ки дар аъзои барқзоҳосил мешавад, ба 1200 В (дар мормоҳии барқӣ) ва иқтидори разряди он (ба ҳисоби импулс) аз 1 то 6 кВт (дар Torpedo occidentalis) мерасад. Бузургии шиддати разряди ҷараён аз 20 (дар суфрамоҳии барқӣ) то 600 В (дар мормоҳии барқӣ), қувваи ҷараён аз 0,1 (дар лаққамоҳии барқӣ) то 50 А (дар суфрамоҳии барқӣ) мешавад. Мормоҳии барқӣ то ба шиддати 220 В тоқат мекунад. Разрядҳои барқии моҳиҳои калон барои одам хатарнок мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аъзои барқзо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Кэррол Р. Палеонтолия и эволюция позвоночных. Москва, 1992;
- Вопросы ихтиологии. т. 34, Москва, 1994.