Аъзои ҳис
Зоҳир
Аъзои ҳис — узвҳое, ки ба воситаи онҳо организм таъсири ангезандаҳои беруниро дарк мекунад (чашм, гӯш, пӯст ва ғайра). Ҳар узв қодир аст, ки фақат таъсири ягон навъи ангезишро дарк намояд. Аъзои ҳисси одам эҳсоси зеринро дарк мекунад: босира (ниг. Чашм), сомеа (ниг. Гӯш), шомма (ниг. Бинӣ), зоиқа (ниг. Забон), ломиса (ниг. Пӯст), дард ва ҳарорат. Ретсепторҳо, яъне нӯги торҳои асабияи ҳассос низ дар амали дарки ҳис ширкат доранд. Аз ин ҷост, ки мафҳуми аъзои ҳис шартист, зеро барои пайдоиши эҳсос ангезиши дар ретсепторҳо рухнамуда бояд ба пӯсти мағзи сар расад. Пас, ҳар як аъзои ҳис фақат як ҷузъи анализатор (ташкилаҳои мураккаби асабия) мебошад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аъзои ҳис // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.