Аъмаш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АЪМÁШ (арабӣ أعمش) Шайхулислом Абумуҳаммад Сулаймон ибни Муҳрони Аъмаши Асадии Боҳилии Куфӣ (680 – 765), тобеии хурд, яке аз ҳофизони бузурги ҳадис. Аслаш аз музофоти Рай буда, Анас ибни Моликро дидааст ва аз ӯ ҳадис ҳифз кардааст. Мегӯянд, ки ӯро 1300 ҳадис маҳфуз будааст. Ӯ дар ривоят сиқа буда, ҳамаи асҳоби «Саҳеҳ»-ҳо аз ӯ ҳадис овардаанд. Дар ҳадис бо лақаби «Аъмаш» ёд шудааст. / С. Шаҳобуддинов.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Адабиёт:
Муҳаммад ибни Исо ат-Тирмизӣ. Шамоилу-н-набӣ. Душанбе, 2010;

ذهبیشمسالدینمحمدابناحمد،تذکرةالحفاظ،بیروت،بدونسالنشر